
Санаи 10–уми ноябри соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №126-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оиди масъалаҳои шомил шудани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.