Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо волидайн ва хонандагони МТМУ №123

Санаи 12–уми ноябри соли 2025 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №123-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ мутахассисон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суҳбату фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.