Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

КУМАКИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ БА ХОНА-ИНТЕРНАТИ ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дасти кумак дароз намудан ба ятимон, бепарасторон, маъюбон, хона-интернатҳо ва хонаводаҳои эҳтиёҷманди дорои имкониятҳояшон маҳдуд, дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳо аз сиёсати оқилонаю инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

15 ноябри соли равон дар пайравӣ аз ин сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и шаҳри Турсунзода кумаки моддӣ расонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати инсонпарваронаи пешгирифтаи Президенти маҳбуби кишварро сармашқи кори худ қарор дода ба бошандагони хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и шаҳри Турсунзода ва дигар оилаҳои ниёзманд пайваста кӯмакҳои хайриявӣ расонида мешаванд.

          Айни замон ин хона-интернат ҷои зисти зиёда аз 200 нафар синни 26 то 90 – сола аз тамоми ҷумҳурӣ мебошад.