Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз нигоҳи идеологӣ падидаи Пешво ба таври муассир дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва худшиносии тоҷикон саҳм гузошт. Суханрониҳо, асарҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат ба эҳёи тафаккури миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат карданд. Табиист, ки имрӯз мафҳумҳои “Пешво”, “Сулҳ”, “Ваҳдат”, “Миллат”, “Ватан” ва “Давлатдорӣ” дар зеҳни ҷомеа бо ҳам пайванди маънавӣ пайдо кардаанд. Ин пайванд дар пойдории давлат ва муқовимат ба таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба амният ва асолати миллӣ – аз экстремизм то бегонапарастӣ нақши муҳим мебозад.

Бахшида ба ин санаи бузург  дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид. Баъд аз хондани суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ, чорабинӣ оғоз гардид. Зимни чорабинӣ роҳбарият оид ба талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ибрози андеша намуданд.

Маҳз ба шарофати фидокорӣ ва ҷоннисориҳои нотакрори Сарвари давлат дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қатъ гардида, давлат аз нобудӣ ва миллат аз парокандагӣ раҳоӣ ёфт.

Дар Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор карда шуда, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд ва рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардид.

Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари Давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон, бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст.

Дар ҷаласа инчунин кормандони Агентӣ баромад намуда, аз кору пайкори ин абармарди қавиирода, сулҳпарвару ватандӯст ёдрас шуданд.