
19 ноябри соли 2025 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи маорифи ноҳия ва намояндагони бахши ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагони МТМУ №128 вохӯрӣ доир намуда, ба хонандагон оид ба зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ, маълумот пешниҳод намуданд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим, эҳсоси баланди худшиносию ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва дар ин замина пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар вохӯрӣ ва чорабиниҳои судманд ташкил ва баргузор карда мешаванд.