Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Иштироки кормандони Агентӣ дар намоишномаи “Модар маро бубахш” дар Театри давлатии ҷавонон

Санаи 21-уми ноябри соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоишномаи “Модар маро бубахш” дар Муассисаи давлатии “Театри давлатии ҷавонон” ба номи Маҳмудҷон Воҳидов иштирок намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ чунин таъкид намудаанд: “Театр пайвандгари маънавии наслҳо буда, рукни муҳимму барҷастаи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад”. Воқеан ин суханҳои пурарзиш роҳнамо ва қутбнамои ҳар як фарди бо фарҳанги миллати мо ба ҳисоб меравад.

Шахсоне, ки дар тамошои театр иштирок мекунанд, малакаҳои худтанзимкунӣ, роҳбарӣ ва ҳалли мушкилоти зиндагиро аз худ карда метавонанд. Театр барои тамошобин нақши бузург ва муҳим дошта, дар ташаккули шахсият, арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ, ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои иҷтимоии онҳо нақши муассир мегузорад.