
Санаи 21–уми ноябри соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи маорифи ноҳия ва намояндагони бахши ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмоли маводи нашъаовар, оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонунии динӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
Инчунин, зикр гардид, ки бо мақсади ба таълими босифат фаро гирифтани наврасону ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва наврасону ҷавононро мебояд дар баробари ин ҳама ғамхориҳо вақти пурқиммати худро ғанимат дониста, бештар ба андухтани илму дониш машғул шаванд.
Зеро, ҷавонон ояндаи давлату миллат мебоша
нд.