Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ПАРЧАМ – РАМЗИ ЯКДИЛИИ МИЛЛАТ

Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 ноябри соли 2025, дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии  тантанавӣ бо хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ оғоз гардид.

Сипас бахшида ба ин рӯзи фархунда роҳбарияти Агентӣ суханрони намуда, қайд карданд, ки Парчами давлатӣ нишоне аз таърихи куҳани халқи тоҷик буда, аз рамзҳои муқаддаси Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад. Он як ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, аз мавҷудияти миллату давлат дарак медиҳад.

Зикр гардид, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ва кушишу заҳматҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт, ки имрӯзҳо ба оғози ин гардиши таърихиву тақдирсоз 34 сол пур мешавад.

Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосӣ ва нишони волои соҳибистиқлолии мост, ки дар худ таъриху фарҳанги миллатро таҷассум мекунад. Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи худогоҳии миллӣ ва қадршиносии арзишҳои истиқлол аст. Ин парчам дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ сабт шудааст.

Дар рафти чорабинии мазкур ҳамчунин кормандони ҷавони Агентӣ баромад карда, Парчамро таҷассумгари таърихи куҳан, рамзи  давлатдории миллӣ, ва пойдории давлат арзёбӣ намуданд.