
Санаи 20 ноябри соли 2025 кормандони Шуъбаи байниноҳиявии АНМН-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо устодон, волидон ва сокинони ҷамоатҳои ноҳияи Лахш дар Чойхонаи фароғатии ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мутахассисон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, инчунин “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар солҳои 2021-2025”, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонунии динӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасотӣ миллӣ суҳбату фаҳмондадиҳӣ доир гардид.