
Дар ҷаласаи мазкур оид ба натиҷагирии марҳилаи аввали амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Душанбе, ки дар МД МТ “Истиқлол” доир гардид, масъулини Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии ш. Душанбе, МД “Маркази шаҳрии наркологӣ”, роҳбарону табибони марказҳои саломатии пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳозирин зимни баромадҳои худ изҳор намуданд, ки ҷиҳати амалигардонии марҳилаи аввали Стратегияи мазкур чорабиниҳои саривақтӣ ба роҳ монда шуда, омилҳои таъсиррасонанда дар самти болоравии сатҳи нашъамандӣ дарёфт ва арзёбӣ карда шуда, амалҳои номатлуби нашъаҷаллобию нашъамандӣ, оқибатҳои тиббию иҷтимоии онҳо ба маротиб коҳиш дода шудаанд. Роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тамоми дастовардҳоро дар ин самт самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Дар натиҷаи чорабиниҳои маҷмуию мушаххас тайи солҳои охир теъдоди беморони нашъаманд зиёда аз 30% коҳиш ёфта, инчунин истифодабарандагони маводи нашъадор тавассути сӯзандору дар байни онҳо то 59,7% ва дар ин замина сироятёбӣ аз бемориҳои ВНМО/БПНМ тавассути сӯзандорӯ кам гардиданд. Ҳамзамон бори аввал бақайдгирии беморони нашъаманд ва фавт аз заҳролудшавӣ кам гардиданд, ки ин нишондоди боэътимоди коҳиши суистеъмоли маводи нашъадор дар байни аҳолӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025, кормандони Агентӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста чунин чорабиниҳо ва сӯҳбату вохӯриҳои судмандро доир намуда, дар онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд.