
Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №130-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаи 24–уми ноябри соли 2025 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо волидон ва омӯзгорон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, омилҳои коррупсионӣ, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ба бар намудани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ВНМО ва амсоли ин дигар масъалаҳо, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ доир гардид.