
Санаи 29 ноябри соли 2025 дар шоҳроҳи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоудин, раиси Федератсияи велосипедронӣ Озодхон Давлатшоев ва сардори Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротиён Дилшод Рустамзод иштирок намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ, омили муҳим дар пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ, дар рушду тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонӣ, баланд бардоштани шавқу ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш баланд арзёбӣ мегардад.
Зикр гардид, ки мусобиқаи имрӯза бо мақсади рушди варзиш аз намуди велосипедронӣ буда, ҳамчунин ҷиҳати ошкор намудани варзишгарони лаёқатманд ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷавонон роҳандозӣ гардида, барои омодасозии варзишгарон ба мусобиқаҳои сатҳи баланд мусоидат менамояд.
Дар мусобиқаи велосипедрони варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, қувваю маҳорати худро дар ин намуди варзиш санҷида, ҷойҳои намёнро ишғол намуданд.