Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Оғози мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз миёни ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Санаи 1 декабри соли 2025 тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе, бахшида ба 1 – уми декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО/БПНМ, кушодашавии мусобиқаи варзишии тенниси рӯи миз миёни омӯзгорон ва ҷавонони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия баргузор карда шуд.

Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишии мазкур кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд менамоем, ки дар чорабинии варзишӣ зиёда аз 14 даста иштирок намуда, дар идома миёни худ рақобат менамоянд.