Вохӯрии навбатӣ таҳти унвони “Саҳми оила ва мактаб дар пешгирии фоҷиаҳои нохуши ноболиғон, роҳҳои ҳифзи фарзанд аз гурӯҳҳои содиркунандаи ҷиноят, таъсири муҳити беруна ва бепарвоии волидайн” баргузор гардид. Дар раванди ҳамоиш кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони ШВКД, Прокуратура, вакилони маҷлиси вакилони халқ ва равоншиносони ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе бо роҳбарони ҳамаи муаасисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами рӯз дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ҳамчунин тибқи талаботи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, масъулияти волидайн ва омӯзгорон дар пешгии рафторҳои зиддиқонунии ноболиғон бо сабаби назорати нокифоя, набудани тарбияи оилавӣ ва таъсири муҳити носолим, инчунин оид ба стратегияи миллиии ҳифзи иҷтимоии кӯдакон суханронӣ намуданд.
Мутахассисон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният, мубориза бо коррупсия ва маводи нашъаовар бодарназардошти афзоиши нигаронкунандаи ҳолатҳои оворагардии ноболиғон, ҷангу муноқишаҳо, пастшавии сатҳи фарҳанги одобу рафтор ва дигар рафторҳои хавфнок дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ чораву тадбирҳои пешгирикунандаро амалӣ намуда, бо ин мақсад корҳои маърифатиро бештар ташкилу баргузор менамоянд. Ташкили чунин чорабиниҳо низ барои расидан ба ин ҳадафҳо мусоидат менамояд.

