Санаи 10 – уми декабри соли 2025 намояндагониАгентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи мазкур дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуб хусусан нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, инчунин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонунии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки мақсади баргузории чунин вохӯрию чорабиниҳо аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” сарчашма гирифта, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ, ба хусус наврасону ҷавонон, коҳиши талабот, бедор намудани ҳисси бадбинӣ ба маводи нашъаовар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим равона гардидааст.

