Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии намояндагии Агентӣ дар Федератсияи Россия бо роҳбарият ва донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи технологии Россия

Намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия санаи 10 декабри соли ҷорӣ ба Донишгоҳи технологии Россия (РТУ МИРЭА), ҷиҳати анҷом додани мулоқот бо роҳбарияти он ва донишҷуёни муқими кишвар, ташриф оварда шуд. Дар рафти вохурӣ бо Директори донишкадаи таҳсилоти байналмилалии донишгоҳи макур Солунова Ирина Сергеевна ва дигар шахсони масъул, вобаста ба ҳолати кунунии таҳсили донишҷӯёни тоҷик, интизом, сатҳи дониш ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои илмӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ муҳокимарониҳо сурат гирифт. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорӣ ва амалҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Намояндагони Тоҷикистон мақсади баргузории вохӯриро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба огоҳ намудани ҳамватанон ва донишҷӯён аз дастовардҳо ва барномаҳои рушди кишвар арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуданд.

Ба донишҷӯёни тоҷик доир ба омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, пешгирӣ ва муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ даъват ба амал оварда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷуёни тоҷик саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, аз ҷумла ба доираи масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат, пешгирии қонуншиканиҳо дар фазои киберӣ ва дигар мушкилот ҷавоб гирифтанд.