Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Агентӣ дар Федератсияи Россия бо донишҷӯёни тоҷик

Санаи 10 –уми декабри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия (РУДН), дар якҷоягӣ бо намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои кишвар дар Федератсияи Россия бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия таҳсил доранд, вохӯрӣ ва суҳбат гузаронд.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки донишҷӯён ояндаи кишвар ва неруи илмӣ ва касбии он мебошанд. Баландии сатҳи дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён дар рушди иқтисод, илм ва соҳаи иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозад.

Таъкид гардид, ки имкониятҳои таҳсили байналмилалӣ, ки донишҷӯён имрӯз истифода мебаранд, натиҷаи сиёсати ҳамоҳангшуда ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин вазъият ба донишҷӯёни мо имкон медиҳад, ки дар муҳити пешрафтаи академӣ таҷриба ва малакаҳои сатҳи байналмилалӣ ҳосил намоянд.

Зимни мулоқот маълумот дода шуд, ки дар соли таҳсилии 2024-2025 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия 8 177 шаҳрвандони Тоҷикистон қабул гардиданд. Дар маҷмуъ, дар Федератсияи Россия 27 490 донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи баланди ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар Федератсияи Россия мебошад.

Дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки солҳои таҳсил дар Федератсияи Россия бояд барои донишҷӯён давраи рушди касбӣ, афзоиши таҷриба, мустаҳкам намудани дӯстӣ мебошад ва дар ин раванд онҳо бояд ба қонуншиканӣ ва дигар кирдорҳои номатлуби ҷомеа, аз он ҷумла терроризм, эктремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст назананд. Донишҷӯёни мо бояд Тоҷикистонро берун аз кишвар муваффақона муаррифӣ намоянд ва ҳамчун мутахассисони тавоно ва боэътимод ба рушди кишвар саҳмгузор бошанд. Дар рафти мулоқот донишҷӯён фаъолона вобаста ба дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароит, имкониятҳои таҳсил ва ғайраҳо иброзӣ назар намуданд. Ҳамзамон онҳо вобаста ба масъалаҳои гуногуни таҳсил ва буду боши худ дар Россия саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.