
Мутобиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2025 ва ҷиҳати иҷрои банди 5 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, 18 декабри соли 2025 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии амалиёти ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2025”, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми Директори Агентӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Шавкат Камолиддинзода оғоз намуда, вобаста ба иҷроиши дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2025” ахборот манзур намуд.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2025» таъсис дода шуд.
Ҳамзамон, барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои маҳаллӣ, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, Ситодҳои корӣ таъсис ёфта, нақшаҳои корӣ тартиб дода шуданд.

Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои банақшагирифташуда дар давраи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2025» аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 308 киллограмм маводи нашъаовар мусодира гардид, аз ҷумла 2 грамм героин, 466 киллограм афюн, 1 тоннаву 472 киллограм ҳашиш, 80 киллограмм маводи нашъаовари навъи бангдона, 60 грамм кокаин, ва 41 киллограм моддаҳои психотропиро дар бар мегирад. Инчунин 14 246 адад ҳабҳои моддаҳои психотропӣ мусодира карда шудааст.
Дар давраи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2025» дар ҷумҳурӣ 457 ҷиноят вобаста ба маводи мухадир ошкор карда шуда ҳамзамон дар рафти амалиёти мазкур 933 нафар шахсони аз мақомоти тафтишот ва суд пинҳоншуда муайян ва дастгир шудаанд.
Тибқи маълумотҳои воридгардида ба Агентӣ аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва аз ҷониби гуруҳҳои ташкилшуда дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳангоми гузаронидани амалиёт ба миқдори 566 ҳазҳору 538 дона бех растаниҳои худруй бо роҳи сузонидан несту нобуд карда шудаанд.

Дар ҷараёни амалиёт аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ 18 адад силоҳ, аз ҷумла 14 адад автомати “Калашников”, 4 адад тапончаи тамғаи “Макаров” ва 1018 адад тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар рафти амалиёти мазкур 56 адад силоҳи оташфишони тамғаҳои гуногун дарёфт ва мусодира карда шудааст
Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолӣ дар воситаҳои ахбори омма баромадҳо, сӯҳбатҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки аъзоёни ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.
Дар маҷмӯъ дар давраи гузаронидани амалиёт 413 вохӯрӣ, 14 семинар, 25 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, 43 мизҳои мудаввар гузаронида шудаанд.