Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо табибони вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар

Санаи 22 –уми декабри соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳивзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо табибони вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар оид ба натиҷаҳои амалигардонии нақша чорабиниҳои марҳилаи якуми (солҳои 2021-2025) “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва муаррифии нақша чорабиниҳои амалигардонии марҳилаи дуюми Стратегия дар солҳои 2026-2030 вохурӣ баргузор намуданд.

         Вохурии мазкур доир ба натиҷаҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ва  санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ба танзим медароранд аз ҷониби кормандони Агентӣ ба саҳми кормандони тибб расонида шуд.

Дар охири вохӯрӣ кормандони тибб ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.