Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 25 –уми декабри соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳо он, хадамоти муҳоҷират, муҳоҷирон ва муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар бораи муаррифии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар ” “Вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар” ва бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла ВНМО/БПНМ вохурӣ баргузор намуданд.