Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар МТМУ №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Санаи 12 –уми январи соли 2026 намомояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  намояндагони бахши ҷавонон, занон, фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ШВКД-1 ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони ноҳияи Сино дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуб хусусан нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни  наврасону ҷавонон, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.