
Санаи 14 –уми январи соли 2026 намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши кор бо занон ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ШВКД-1, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.