Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ОШКОРИ ҶИНОЯТ ВА МУСОДИРАИ МАВОДИ НАШЪАОВАР

11 январи соли 2026, аз ҷониби кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор Холиқов Дониш Холиқбердиевич дастгир карда шуд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз Холиқов Дониш, панҷ қуттии гӯгирд, ки дар дохилашон маводҳои растанигии ранги сабз дошта дарёфт гардид.       Ҳамчунин зимни кофтукови манзили истиқоматиаш 79 қуттии гўгирд, ки дар дохили ҳамаи онҳо маводхои растанигии рангашон сабзи бўи махсус дошта мавҷуд буданд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мувофиқи маълумотномаи лабораторияи экспертизаи судии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, маводҳои аз манзили истиқоматии Холиқов Дониш ёфта гирифта шуда, воситаи нашъадори навъи “бангдонаи хушконда” буда, вазни умумии онҳо 5 кг 380 граммро ташкил дод.

Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки Холиқов Дониш миқдори дар боло зикршудаи воситан нашъадори навъи “бангдонаи хушконда”-ро бо мақсади ба каси дигар додан бо худ ва дар хонаи истиқоматиаш гайриқонунӣ нигоҳ доштааст.

Нисбати Холиков Дониш Холиқбердиевич, бо моддаи 200 қисми 3 банди “г” Кодекси ҷиноятии Чумхурии Точикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.