Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар МТМУ №33 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Санаи 16 –уми январи соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  намояндагони бахши кор бо занон ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки мутахассисон оиди пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ,  пешгирӣаз омилҳои коррупсионӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак,омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба самъи иштироккунандагон расониданд.