Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар МТМУ №9-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Санаи 15 –уми январи соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон,дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шохмансури шаҳри Душанбе, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ,шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, риояи одобу ахлоқ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣвохӯрӣ баргузор гардид.