Санаи 15 –уми январи соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши кор бо занон ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5, 8, ва 57 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни вохӯрӣ мутахассисон дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, пешгирӣаз омилҳои коррупсионӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак,омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба самъи иштироккунандагон расониданд.


