Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар МТМУ №37 –и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Санаи 19–уми январи соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонон, маориф, занон ва кор бо ноболиғон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо волидон, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон дар бобати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, “Нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак” ва “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, муқовимат бо тероризм ва эктремизм, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриву суҳбат баргузор намуданд.