
Санаи 20 –уми январи соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон, занон, маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ҳамзамон ШВКД дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 бо омӯзгорон ва волидони хонандагони синфҳои болоӣ дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, омилҳои коррупсионӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.