
Санаи 20–уми январи соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 – и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо волидон, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон дар бобати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, “Нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак” ва “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, муқовимат бо тероризм ва эктремизм, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.