
Санаи 20-уми январи соли 2026 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои “Амиршоев” ва “Проектная” кормандони Агентии назорати маводи нашъаоари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мудири бахши ҳуқуқ, раёсати маориф ва намояндагони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ноҳияи зикргардида, дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, омилҳои корупсионӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.