
Санаи 20–уми январи соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо волидон, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат мутахассисон дар бобати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, муқовимат бо терроризм ва эктремизм, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.