
Санаи 26 –уми январи соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон, занон, маориф, фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва ШВКД –и ноҳия дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуб хусусан нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла ВНМО/БПНМ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, риояи одобу ахлоқ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.