Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

МУСОДИРАИ МАВОДИ НАШЪАОВАР АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ

24 январи соли 2026, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Мир Саид Али Ҳамадонии вилояти Хатлон, бо гумони даст доштан дар хариду фуруш ва паҳн намудани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ миёни аҳолӣ хусусан ҷавонону наврасон аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванд Манонов Суҳроб Раҷабалиевич бо тахалуси “Баҳодур” дастгир карда шуд.

Зимни коркардҳои оперативӣ ҷустӯҷуӣ аз Манонов Суҳроб як миқдор маводи сахткардашуда дарёфт ва мусодира гардид. Тибқи маълумотномаи коршиносони ШЭС АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи аз Манонов Суҳроб дарёфтшуда ба воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” мансуб мебошад. Муайян карда шуд, ки Манонов Суҳроб моддаи психотропии метамфетамин ва воситаи нашъадори ҳашишро дар ҳудуди ноҳияи М.С.А.Ҳамадонии вилояти Хатлон аз шаҳрванд Ғуломов Баҳодур Мирзоназарович бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ соҳиб шудааст.

Худи ҳамон рӯз, Ғуломов Баҳодур низ аз ҷониби кормандони АНМН дар ҳудуди ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ дастгир карда шуда, дар натиҷаи азназаргузаронии манзили истиқоматиаш, аз дохили каҳдони он 3 (се) бастаи дорои маводҳои сахткардашуда ва як бастаи дорои маводи монанд ба шишапораи ёфта гирифта шуд.

Тибқи маълумотномаи коршиносони Шуъбаи экспертизаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳои аз манзили истиқоматии Гуломов Баҳодур дарёфтшуда ба воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ва моддаи психотропии навъи “метамфетамин” мансуб буда, вазни воситаи нашъадори ҳашиш 3кг 100 гр ва моддаи психотропии метамфетамин 68,62 гр -ро ташкил доданд.

Нисбати Манонов Суҳроб Раҷабалиевич бо моддаи 200 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Гуломов Баҳодур Мирзоназарович, ном шахс ва дигарон бо моддаи 200 қисми 3 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дода шудааст.