Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо омӯзгорон, волидон ва хонандагони МТМУ №40

Санаи 28–уми январи соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 -и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо волидон, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон дар бобати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, “Нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак”, “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.