
Санаи 30–уми январи соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 –и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонон, занон ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо волидон, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат мутахассисон ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи масъулят барои таълиму тарбияи кӯдак”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, “Нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак” ва “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” суханронӣ намуданд.