Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

Санаи 2-юми феврали соли 2026 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовар дар соли 2025 баргузор гардид.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ, генерал – майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад оғоз намуда, оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ва иҷрои як қатор корҳо дар давраи фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 маълумот манзур намуд.

Зимни баромади худ Директори Агентӣ қайд намуд, ки 138 (2024-116) ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо ошкору муайян карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 – 19 фоиз ё 22 ҷиноят зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 689 кг 647 гр (2024 – 504 кг 353 гр) маводи нашъаовар мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2024 – 185 кг 294 гр ё 37 фоиз зиёд мебошад.

Дар натиҷаи ҳолатҳои ошкоршуда, дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, муфаттишони Агентӣ 132 (2024 – 84) парвандаи ҷиноятиро нисбати 180 нафар (2024 – 138) ба судҳо ирсол намуданд. Дар ин робита, бо парвандаҳои ҷиноятии тафтишшуда, ҳамагӣ ба молу мулки айбдоршавандагон 470 000 (2024-19 712 265 сомонӣ) ҳабс гузошта шудааст.

Дар ин давра фаъолияти 44 гурӯҳи ҷиноятӣ (2024 – 32) дар ҳайати 88 нафар (2024 – 83) ошкор ва қатъ карда шудааст.

Дар соли 2025 аз ҷониби кормандони Агентӣ 279 (2024-259) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва дар ин робита 303 нафар (2024 – 279) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, ки аз онҳо 492850 (соли 2024 – 333 575) сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Агентӣ дар ин давра бо мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Россия 2 амалиёт ва Ҷумҳурии Қирғизистон 1 амалиёти муштарак гузаронидааст, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмуъ 95 кг 250 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Дар давраи фаъолияти соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 23452 (2024-22314) ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 1003 (2024 – 839) ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, ки 4 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 164 ҷиноят ё 20 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаю 280 кг (2024 – 4 тоннаю 381 кг) маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 898 кг 835 гр ё 21 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра 253 кг 417 гр (2024 – 110 кг 458 гр) моддаҳои психотропӣ мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 142 кг ё 2 маротиба зиёд мебошад. Аз ин миқдор 247 килограмм ё 97 фоизи онро метамфетамин ташкил дод. Ҳаҷми метамфетамини дар соли 2025 мусодирашуда, дар таносуб ба соли 2024 – 2,3 маротиба ё 141 кг зиёд мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2026 – 4004 (2024-4014) нафар беморони нашъаманд дар қайдҳои наркологӣ қарор доранд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 нафар ё 0,2 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 105 (2024-110) нафарро занҳо ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии нашъамандӣ ва паҳншавии он дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар, аз ҷониби кормандони Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор 447 вохӯрӣ, 17 семинар, 26 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ, 48 мизи мудаввар гузаронида шуда, дар васоити ахбори омма 189 баромадҳо, аз ҷумла 157 баромад дар телевизион, 10 баромад дар радио ва дар матбуоти даврӣ 22 мақолаҳо инъикос ва нашр гардида, 435 маълумот дар сомонаи расмии Агентӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернет пахш карда шудаанд.

Дар бухории Агентӣ дар ҳузури Комиссияи махсус ва намояндагони воситаҳои ахбори омма маросими нобуд кардани 315 кг 988 гр маводи нашъаовари мусодирашуда баргузор шуд.