Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар МТМУ №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Санаи 4 –уми феврали соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон, занон, маориф, фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва ШВКД-и ноҳия дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо, инчунин сокинони маҳаллаи “Телман” дар самти пешгирӣ аз омилҳои нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, инчунин оқибатҳои фоҷеабори суиистеъмоли маводҳои нашъаовар, бемориҳои сирояти аз он ҷумла ВНМО/БПНМ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, омилҳои коррупсионӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.