Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 вохӯрӣ баргузор гардид.

Санаи 05–уми феврали соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонон, маориф ва танзими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо волидон, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, муқовимат бо терроризм ва эктремизм, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, масъулият барои  таълиму тарбияи кӯдак, ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, “Нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак” ва “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.