Имрӯз, 10-уми феврали соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии гузариши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсири дар тиб истифодашаванда аз муомилоти қонунӣ ба муомилоти ғайриқонунӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардори Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони муассисаҳои тандурустӣ ва фарматсевтии кишвар иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, аз даврони соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди сиёсӣ тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ҷиҳати танзими муомилоти қонунии маводи нашъаовар, мубориза бо гардиши ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоии ин падидаи номатлуб фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин давра барномаҳои давлатӣ ва ду стратегия, аз ҷумла Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 қабул ва амалӣ гардидаанд.
Ҷиҳати амалигардонии стратегияи мазкур дар кишвар чорабиниҳои саривақтӣ роҳандозӣ гардида, омилҳои таъсиррасонанда дар самти муомилоти қонунӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар муайян ва арзёбӣ гардиданд, ки дар натиҷа сатҳи нашъамандӣ, инчунин оқибатҳои тиббию иҷтимоии он сол то сол дар мамлакат коҳиш ёфта истодааст.
Бояд гуфт, ки дар ин давра мутобиқи талаботи стратегияи болозикр аз ҷониби мутахассисони Агентӣ як қатор чорабиниҳои маҷмуию мушаххас амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи гардиши қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва моддаҳои сахттаъсир таҳия ва тасдиқ гардидаанд.
Ҳамзамон, дар самти назорати давлатии муомилоти қонунии доруҳои махсусназоратшаванда ва пешгирии гузариши онҳо ба муомилоти ғайриқонунӣ аз ҷониби Агентӣ чорабиниҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Зимни чорабинӣ масъулин аз сохторҳои дахлдори мамлакат ва мутахассисони соҳа доир ба вазъи нашъамандӣ, сохтори суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва сахттаъсир, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, сахттаъсир ва заҳрнок, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир, прекрусорҳо ва тартиби фурӯши онҳо аз муассисаҳои фарматсевтӣ баромад намуда, доир ба масъалаву мушкилотҳои дар ин самт ҷойдошта андешаронӣ карданд.






