Дар Муассисаи таълимии давлатии “Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” конфронс таҳти унвони “Нашъамандӣ – вабои аср” баргузор гардид. Дар чорабинӣ маъмурияти муассиса, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ фаъолона иштирок намуданд.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии роҳбари Созмони хонандагони муассиса оғоз гардид. Зимнан муовини сардори Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва хонандаи синфи 11-и гимназияи мазкур Мавлуда Мирова бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Тарзи ҳаёти солим бар зидди нашъамандӣ” суханронӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баромадкунандагон дар баромадҳои худ оид ба паёмадҳои ҷиддии иҷтимоӣ, равонии нашъамандӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ин хатар сухан карда таъкид гардид, ки боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва солимии ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.
Баъдан мутахассисон ба хонандагон дар бораи аз оқибатҳои ҳуқуқӣ ва саломатии истифодаи маводи нашъаовар маълумоти муфассал дода, иброз намуданд, ки бештар ҷавонон ба дом меафтанд ва фирефтаи афроди қаллоб мегарданд, ки ин ҳолат боиси нигаронии ҷиддии ҷомеа мебошад. Истифодаи маводи нашъаовар на танҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад, балки боиси вайрон шудани оилаҳо, аз даст рафтани имкониятҳои таҳсил ва коста гардидани мавқеи иҷтимоии ҷавонон мегардад.
Дар интиҳо муовини директор оид ба таълиму тарбия ба меҳмонон барои ҳамкорӣ ва саҳми арзандаашон дар баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ изҳори сипос намуда, таъкид карда шуд, ки муассиса дар оянда низ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад намуд.

