Санаи 10 феврали соли 2026, кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратии ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ноҳия иштирок карданд.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ, доир ба масъалаҳои таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун, ки ҳамасола дар Паёмҳои Сарвари давлат, яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб меравад, суханронӣ намуда, қайд гардид, ки маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки Ҳукумати мамлакат рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқ баланд бардошта шавад.
Иброз гардид, ки дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ҳамкорӣ ва мусоидати сокинони кишвар аҳамияти калон доранд.
Дар робита ба масъалаи мазкур, аз ҷониби кормандони Агентӣ вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ дар соли 2025, таҳдиди хатарҳои он ба амнияти ҷомеа, оқибатҳои номатлуби истеъмоли маводи нашъаовар ба саломатии инсон, бахусус навъҳои психотропӣ ва синтетикии он маълумоти муфассал дода шуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

