Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ

Тибқи Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 12 феврал ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад, эълон гардидааст.

Дар ин робита дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳарияти Агентӣ, Раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе машғулияти омӯзишӣ вобаста ба экстремизми хушунатомез баргузор гардид.

Масъулин зимни баромадҳои худ қайд карданд, ки ин сана на танҳо як рӯйдоди рамзӣ, балки даъват ба амал, ҳушёрӣ ва масъулияти муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Экстремизм дар маънои умумӣ андеша ё рафторест, ки аз меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеа берун буда, таҳаммулнопазирӣ, радди гуногунандешӣ ва истифодаи усулҳои тунду зӯровариро тарғиб мекунад. Вақте ки чунин андешаҳо ба шакли амалҳои зӯроварона табдил меёбанд ва барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ аз хушунат истифода мешавад, он гоҳ мо бо зуҳуроти “экстремизми хушунатомез” рӯ ба рӯ мегардем.

Дар чорабинӣ зикр карда шуд, ки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст дарбар меград.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки марзҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ амалан аз байн рафтаанд, идеяҳои ифротӣ низ бо суръати баланд паҳн мегарданд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои интернетӣ ва васоити ахбори омма метавонанд ҳам воситаи рушди маърифат ва ҳам дорои таблиғоти ғаразнок бошанд.

Экстремизм сарҳад надорад. Аз ин рӯ, муқовимат бо он бояд хусусияти байналмилалӣ дошта бошад. Мубодилаи иттилоот, таҷриба ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои амниятӣ миёни давлатҳо барои коҳиши таҳдидҳо мусоидат мекунад.

Пешгирии экстремизми хушунатомез вазифаи танҳо як ниҳод ё як давлат нест – ин масъулияти умумии башарият аст.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҳар як андешаи солим, ҳар як сухани оқилона ва ҳар як амали созанда метавонад садди роҳи ифротгароӣ гардад. Бо муттаҳидӣ, ҳамкорӣ ва садоқат ба арзишҳои инсонӣ метавонем ҷомеаи амну осуда бунёд

намоем.