
Санаи 21 –уми феврали соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93 бо омӯзгорон хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ мутахассисон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, даст задан ба кирдорҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, истеъмол намудани моддаҳои психотропӣ ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуданд.