23-уми феврали соли 2026 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Пас аз хондани Суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ, чорабиниро Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад Тағой оғоз намуда, афсарони Агентӣ ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони Ватанро табрику таҳният намуданд.
Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули даврони истиқлолият ба шумор рафта, маҳз бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бисёр ҳам мураккабу сарнавиштсоз, баъд аз якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таъсис дода шуд. Дар он айём, ки кишвар марҳилаи ҳассоси таърихиро паси сар менамуд, таҳдид ба мавҷудияти давлатдорӣ ва истиқлолияти миллӣ хеле ҷиддӣ буд. Дар чунин шароити душвор, бо иродаи қавӣ ва ташаббуси пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи таъсиси Артиши миллӣ гузошта шуда, то имрӯз таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ, инчунин беҳтар намудани шароити иҷтимоиву моддии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Бо роҳнамоӣ ва дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллӣ тадриҷан ба як ниҳоди муҳими таъминкунандаи суботу амнияти давлат табдил ёфта, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши калидӣ мебозад.
Дар ҷаласа кормандони Агентӣ зимни баромади худ таъкид намуданд, ки ҳар як афсар ҳангоми ёд кардани савганди ҳарбӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад: “Ҳифз ва ҳимояи амнияти давлат, таъмин намудани суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи шаҳрвандон вазифаи муқаддаси ӯст”. Онҳо изҳор доштанд, ки сулҳу субот ва оромии ҷомеа неъмати бебаҳо буда, онро бояд мисли гавҳараки чашм ҳифз намуд. Кормандон инчунин иброз карданд, ки минбаъд низ барои ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, бо масъулияти баланд идома хоҳанд дод.
Дар доираи ин чорабинӣ маросими савгандёдкунии шунавандагони курси 4-уми Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ кормандоне, ки дар давоми фаъолияташон ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ комёб гаштаанд, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ гардиданд.

