Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии кормандони Агентӣ дар МТМУ №94

Санаи 24 –уми феврали соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон, маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагон бо ҳозирин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, пешгирӣ аз омилҳои ифротгароӣ, муқовимат бо терроризму эктремизм ва ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.