Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии кормандони Агентӣ дар МТМУ №31

Санаи 25–уми феврали соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31–и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муовини сардори Раёсати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе, сардори ШВКД-2 ва нозирони минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони бахши ҷавонон, маориф ва танзими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидон ва омӯзгорон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, қарор дода шуда, аҳамияти он дар самти тарбияи насли наврас, таҳкими суботу амният ва рушди ҷомеа ба хонандагон фаҳмонида шуд.

Ҳамзамон дар ин замина иштирокдорон оид ба Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, “Нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак” ва “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” суханронӣ намуда, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонону наврасон, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, масъалаҳои таҳкими қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин истифодаи дурусту мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ гардида, масъалаҳои мазкур мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Дар анҷоми вохурӣ аҳли нишаст ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.