
Санаи 03 –уми марти соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №112 бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо вохӯрӣ доир намуда, оид ба зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карданд.