Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар МТМУ №126–и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Санаи 03–уми марти соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №126 –и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонон, занон ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо волидон, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, инчунин даст задани бархе аз ҷавонон ба фуруши муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ, машғул шудан ба варзиш, баланд бардоштани тарзи ҳаёти солим суҳбат намуданд.