
Санаи 3 –юми марти соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Россия бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур дар самти пешгирии омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, сабаби ру овардани ҷавонон ба суиистеъмоли маводҳои нашъаовар, оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла ВНМО/БПНМ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ инчунин, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.