Санаи 4 –уми марти соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номои Саидмуъмин Раҳимов бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур дар самти пешгирии омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ дар байни наврасону ҷавонон, сабаби ру овардани ҷавонон ба суиистеъмоли маводҳои нашъаовар, оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии маводҳои нашъаовар, бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла ВНМО/БПНМ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонунии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
